Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва AIIB-ро барои сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» ба тасвиб расонд
ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ«Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохториро оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» ба тасвиб расонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки мувофиқи ин санад, ки моҳи апрел ба имзо расидааст, ҳаҷми умумии қарзи ҷалбшаванда 75,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Қарз ба муҳлати 29 сол, аз ҷумла бо 6 соли давраи имтиёзнок пешниҳод гардида, ба сохтмони роҳи мошингарди масофааш 79 километри «Обигарм-Нуробод», аз ҷумла бунёди пул бо дарозии 920 метр равона мегардад.
Бо мақсади раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани он ҳоло дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар дар ҳоли татбиқ қарор дорад.
Дар айни замон татбиқи лоиҳаи сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ муодили 300 миллион доллар идома дорад.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ бо пешниҳоди Чин соли 2014 таъсис дода шуда, ҳадафи аслии ин ниҳоди молиявӣ ҳавасмандсозии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё мебошад.
57 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ буда, қароргоҳи бонк дар Пекин воқеъ аст.
АКС аз бойгонӣ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






