Президенти Тоҷикистон аз сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо изҳори нигаронӣ намуданд

Май 31, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 май зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, мақсад аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ мебошад. Инчунин таъсиси он ба хотире буд, ки муҳаққиқон имкони ҳимояи диссертатсияҳояшонро дар дохили ҷумҳурӣ дошта бошанд.

«Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо хеле нигаронкунанда мебошад.  Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмӣ хунукназарии шуроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда мебошад», — изҳори нигаронӣ намуданд Президенти мамлакат.

Ҳамзамон иброз доштанд, ки дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва докториро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ба талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда ҷавобгӯ нест.

«Баъзан ба чашм мерасад, ки кори илмии ба талабот ҷавобгӯ набуда, ки барои ҳимоя дар як шурои илмӣ иҷозат дода нашудааст, дар кӯтоҳтарин фурсат дар шурои диссертатсионии дигар ҳимоя мешавад», -гуфтанд дар идома Пешвои миллат.

Зимни суханронӣ иброз гардид, ки то имрӯз аз ҷониби «Диссернет» 150 олими тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) зимни таҳияи рисолаҳои илмӣ ба асардуздӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Дипломи 7 нафари онҳо бо пешниҳоди «Диссернет» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия беэътибор эълон гардидааст.

Президенти Тоҷикистон бо назардошти чунин вазъ ба роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муасисаҳои илмии мамлакат, ки дар назди онҳо шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд, дастур доданд, ки фаъолияти онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Май 31, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид