Президенти Тоҷикистон фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳоро яке аз масъалаҳои ташвишовар унвон намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо аҳли илми мамлакат аз сохтори Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он изҳори нигаронӣ ва таъкид намуданд, ки «сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми мамлакат мебошад. Имрӯз зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст».
Ба гуфти Сарвари давлат, «имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои бо ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад».
«Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад. Баҳри таъмин намудани фаъолияти самарабахши онҳо, хусусан тавассути кам кардани хароҷот барои нигоҳдории таҷҳизоти нодаркор ва аз ин ҳисоб бо технологияҳои замонавӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои мавҷуда ва таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ бояд пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шаванд»,-чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат аз таҳлили ҳисоботи академия дар солҳои 2021 – 2023 ёдовар шуда, гуфт, ки «аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. Таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин ҳолати нигаронкунанда маҳсуб мешавад».
Президенти мамлакат Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






