Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Сараввал сарони давлатҳо ҳамдигар ва мардуми ду кишварро ба муносибати ҷашни 79-солагии Ғалабаи бузург табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми тоҷикро махсус таъкид намуда, изҳор доштанд, ки 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати ҳамон вақти Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок намудаанд.
Ба масоили мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, танзими муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо вобаста ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир доир ба беҳсозии ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ду давлат ба мувофиқа расиданд.
Зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилот дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бахусус таъкид гардид.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳарду ҷониб дар муҳлатҳои наздик гуфтушунид доир намоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд. Сарони давлатҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ба қарор омаданд, ки ба сохторҳои лозимаи ду ҷониб супоришҳои зарурӣ дода шавад.
Пешвои миллат ва Президенти Федератсияи Русия дар идомаи суҳбат масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуданд.
Дар хотима Сарвари давлати мо ба муҳтарам Владимир Путин барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






