«ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ». Хонандаи тоҷик Ёқубҷон Ғуломов ғолиби озмун дониста шуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии даъвати 17-уми озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни хонандагони Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз талаботи давр гардидааст. Ҳамасола ин озмуни ҷаҳонӣ баргузор карда мешавад, ки дар он донандагони забони Чин қобилияти забондонӣ ва ҳунару истеъдоди хешро ба намоиш гузошта, бо ин роҳ донишу малакаашонро такмил медиҳанд.
Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 бо дастгирии Маркази ҳамкории байналмилалии Чин бо хориҷи мамлакат дар самти забономӯзӣ баргузор мешавад.
Дар даври интихобии озмун 39 хонанда аз чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, 8 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоии озмун пас аз рақобати шадид хонандаи синфи 11 аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и шаҳри Душанбе Ёқубҷон Ғуломов ғолиби ҷои аввал, хонандаи синфи 9 аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43-шаҳри Душанбе Мазҳаб Наҷмиддинзода ғолиби ҷои дуюм ва хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Бустон Фарангиз Зоирова ғолиби ҷои сеюм гардиданд.
Ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






