Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳои раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Нуробод ва Сангворро доир ба оқибатҳои боронҳои шадид ва селу обхезӣ шунида, ба онҳо доир ба ҳарчи зудтар бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла барқарор намудани роҳу пулҳои вайроншуда ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардум барои ҷуброн намудани зарари расида ба хонаю рӯзгор ва заминҳои кишташон, супоришҳои мушаххас доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






