Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузошт

Май 9, 2024 12:45

ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба хотири пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор намудаанд, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди «Оташи ҷовидон» гулчамбар гузошт.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз аз номи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони Ҷанги солҳои 1941-1945, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчамбар гузошта шуд.

Пирӯзӣ дар ин набард маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамонию ҷоннисориҳо, аз ҷумла шуҷоатмандии фарзандони Тоҷикистон ба хотири ҳифзи Ватан ба даст омадааст.

Сабақҳои фоҷеабори Ҷанги дуюми ҷаҳон башариятро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу оромӣ ва Истиқлолу озодӣ омили асоси барои доштани зиндагии пурсаодат ба ҳисоб меравад, ки ҳар як нафар бояд дар ҳифзи ин неъмати бебаҳо ва ҳимояи Ватан далерона саҳмгузор бошад.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Май 9, 2024 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд