Ширкати Чин дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» зеристгоҳи барқии офтобӣ месозад
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин оид ба сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ин санад 29 май дар Душанбе дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо намояндаи минтақавии ширкати «Eging PV Technology Co., LTD» дар Осиёи Марказӣ Менг Ёнгфанг ба имзо расидааст.
Ин ширкат тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 миллион доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар вохӯрӣ имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ муаррифӣ гардид.
Ҷонибҳо омодагиашонро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид






