СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиш доир шуд

Май 10, 2024 14:59

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024  конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки барои устувории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва давлат таҳкими ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамчунин эҷоди фазои қонунмеҳвар ва рушди маърифати ҳуқуқӣ зарур аст. Маҳаки асосии маърифати ҳуқуқии ҳар миллат ва давлати соҳибистиқлолро, бешубҳа, конститутсия ташаккул медиҳад, ки он ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.

Зимни конфронси илмӣ-амалӣ прокурори ноҳияи Данғара Нодирҷон Қодирзода оид ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён суҳбат намуда, саҳм гузоштани донишҷӯёнро дар баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда таъкид намуд.

Ба гуфтаи мавсуф, Конститусияи ҷумҳурии мо муайян намудааст, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст. «Раванди амалӣ гардидани сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушд менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои кор, зиндагӣ ва фаолияти дигар субъектҳо ба таври зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ҷанбаъҳои гуногуни мусбат дошта, он асосан барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама, эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонунро тақозо менамояд»,-афзуд ӯ.

Таъкид гардид, ки дар ҳолати пурра даст ёфтан ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонону наврасон хатару таҳдидҳои замони муосир кам мегарданд. Зеро муҳит ва ҷомеаи  соҳибмаърифату муҷаҳҳаз бо донишҳои ҳуқуқӣ ҳеҷ гоҳ ба дом ва фиреби гурӯҳҳои тундрав ва бадхоҳон намеафтад.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Май 10, 2024 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид