Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Узбекистон соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор гардид, ки дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни 27 кг бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло шуд. Дар ин хусус Директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Хотиррасон мешавем, ки Сомон Турсунзода дар мусобиқаи байналмилалӣ бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон – «Tashkent open judo kids cup ii» дар сатҳи баланд баргузор шуда буд, ки дар мусобиқа 800 варзишгар аз 8 давлат иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд. Дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода, ки дастпарвари «Клуби ҷудои Сомон» аст, дар вазни 26 кг бо шикаст додани 6 рақиб аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷон мақоми сеюмро гирифт.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи апрели имсол Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо «Dzyudo Termiz Open 2024» дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон дар вазни то 26 кг бо мағлуб намудани рақибонаш аз Қазоқистон ва Узбекистон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло шуд.
Бояд гуфт, ки варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода моҳи августи соли 2022 дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон, ки дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст овард. Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро мағлуб намуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид. Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа Сомон Турсунзода барои нишон додани маҳорати баланди техникӣ байни иштирокчиён варзишгари беҳтарин дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ин варзишгари наврасу бомаҳорати тоҷик ба синни хурд нигоҳ накарда, дар мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро борҳо баланд бардоштааст. Теъдоди медалҳои ӯ дар мусобиқоти ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба 141 адад мерасад.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






