«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон- аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши неруи созандаи миллат – барои имрӯзу фардои дурахшон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нахуст филми «Марди роҳ» намоиш дода шуд, ки дар он аз аз кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати деринтизор ба таври мусаввару мунаввар қисса карда мешавад. Тамошои филм ба ҳар фарди дилогоҳ бори дигар ҳадиси пандомӯзи ватандӯстию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро меомӯзад.
Дар ҳамоиш сиёсати ҷавонон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ унвон шуда, нақши ҷавононро дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдоми созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи мамлакат дастгирӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб шуда, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба ҷавонон ва фаъолони ташкилот Сипоснома тақдим гардид.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






