«РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ». Таҳти чунин унвон Форуми байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди сармояи инсонӣ» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Форуми байналмилалӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ.
Дар кори форум масъалаҳо доир ба нақши муҳими ҳифзи иҷтимоӣ, бунёди сармояи инсонӣ дар шароити маҳдудияти молиявӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсили босифат ва нигоҳубини барвақти кӯдакон ва ноил шудан ба тағйирот тавассути тарғибот ва навоварӣ муҳокима гардиданд.
Дар доираи баргузории форум лавҳаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба иштирокчиён пешниҳод карда шуданд.
Лавҳаи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» бо симулятори кафшергарӣ, тахтаи дарсҳои амалии барқӣ, тарҳи биноҳои марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, стандартҳои салоҳияти касбӣ, барнома ва модулҳои таълимӣ ба ҳозирин пешкаш карда шуд.
Ҳамчунин Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Навсозии иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» бо пешниҳоди лавҳа оид ба ҳадафу мақсадҳои лоиҳа ва маводи иттилоотӣ дар форум фаъолона иштирок намуд.
АКС: Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






