ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 май, ҷумъа, 131-умин рӯзи соли 2024

Май 10, 2024 08:00

10 майи соли 2011 Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд.

***

10 майи соли 2013 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи шашмақом Фестивал-симпозиуми байналмилалии шашмақом баргузор гардид. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард.

***

10 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва кормандони муҳандисӣ-техникии Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

***

10 майи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.

***

10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ботантанаи серӯзаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

***

10 майи соли 2019 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ мулоқот намуданд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «мақсади мулоқоти имрӯза баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад».

***

10 майи соли 2018 дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид.

***

10 майи соли 2022 вакилони Маҷлиси намояндагон бо коршиносони Комиссияи Венетсияи Шурои Аврупо мулоқот намуданд.

***

10 майи соли 2023 Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

***

Дар ин рӯзи  соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDH» ба имзо расид.

 ДАР ИН РӮЗ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Руминия- Рӯзи истиқлол

***

Дар Озарбойҷон Иди гулҳо

***

Дар  Олмон Рӯзи китоб

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Ҳошим Гадоев -соли  1937, — ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда,  Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумӣ (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017).

***

Гурез Сафар — рӯзноманигор, шоир, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1989), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995)

Май 10, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш