ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 май, шанбе, 139-умин рӯзи соли 2024

Май 18, 2024 08:00

18 майи соли 2001 дар шаҳри Токио бахшида ба робитаҳои тиҷоратӣ-сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон  ҳамоиш доир шуд.

***

18 майи соли 2010 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ баргузор гардид.

***

18 майи соли  2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфтанд.

***

18 майи соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби ISESCO ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ муаррифӣ гардид.

***

18 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 37-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор шуд.

***

18 майи соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Тайиланд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бангкок дар кори Иҷлосияи  72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид  барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок кард.

***

18 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Ҷопон»  Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Таро Коноро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмии сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави робитаҳо дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва туризм табодули андеша намуданд.

***

18 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи  «Осиёи марказӣ + Ҷопон» Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.

***

18 майи соли 2023 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт. Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари давлати мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Баррасии масоили ҳамкории ду давлат дар мулоқоти хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.

18 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

 Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

***

Дар Гаити рӯзи парчам.

Май 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш