ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 май, якшанбе, 140-умин рӯзи соли 2024

Май 19, 2024 08:00

19 майи соли 2009 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи XXIX Шурои байнидавлатӣ оид ба заминсозӣ, харитасозӣ, кадастр ва таҳқиқи фосилавии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

19 майи соли 2011 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аввалин ҳисобот ва сомонаашро муаррифӣ намуд.

***

19 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Тайиланд баргузор гардид,  дар мавзуи  «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут ба об» суханронӣ намуданд.

***

19 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.

***

19 майи соли 1930 дар Африқои Ҷанубӣ ба занони сафедпӯст иҷозаи дар интихобот иштирок кардан дода шуд.

***

 19 майи соли 2012 бори нахуст дастаи футболи «Челси» ғолиби мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо) гардид. Дар бозии ниҳоӣ дастаи футболи «Челси» дастаи  «Бавария»-ро шикаст дод.

***

19 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, истиқбол гирифтанд. Зимни мулоқоти хоссае, ки байни сарони давлатҳо доир шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии давлатҳо мусоидат менамояд.

***

19 майи соли 2021 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо мақсади шиносоӣ бо имконияти рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карда, вохӯрии ғайрирасмӣ доир намуданд.

***

19 майи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъӣ ва афзалияти раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

19 майи соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

19 майи соли 2021 намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд иштирок намуд.

***

19 майи соли 2023 Раванди татбиқи Харитаи роҳ оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳри Қазон баррасӣ гардид.

19 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Туркия иди миллӣ – Рӯзи ҷавонон ва варзиш.

Май 19, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш