Таваҷҷуҳи соҳибкорони Чин ба бунёди коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон меафзояд

Май 24, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 май намояндагони вилояти Хатлон бо ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои бунёди коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кор мубодилаи афкор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, аз ҷумла бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ дар миқёси вилояти Хатлон изҳори андеша намуданд.

Иброз гардид, ки ҳадафи вохӯрӣ рушди ҳамкории соҳибкорони ҳарду мамлакат буда, ин тадбир барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи корӣ замина мегузорад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 24, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад