«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Май 18, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҳамоиш оид ба баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории стратегӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Синамогурӯҳи «Ғарб»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории стратегӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҶДММ Синамогурӯҳи «Ғарб»-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва аз ҷониби музофти Шэнсӣ муовини директори генералии ҶДММ Синамогурӯҳи «Ғарб»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расониданд.

Ҳамзамон ҳайати музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарияти муассиса мулоқот намуда, бо павилионҳо ва толорҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» шинос шуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар маҷмуъ Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо 12 давлат қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи синамо ба имзо расонидааст.

Равобити эҷодӣ бо синамогарони кишварҳои хориҷи дуру наздик густариш меёбад.

Ҳадафи асосии тасвиби қарордодҳои ҳамкорӣ- тақвият ва рушди кинематография, оммавигардонӣ ва талқини маҳсулоти аудиовизуалӣ дар қаламрави давлатҳо, мусоидат барои ташкили раванди технологии истеҳсоли филмҳо, раванди наворбардорӣ, ҷалби мутахассисон барои лоиҳаҳои муштарак дар доираи рушди равобити байналмилалии фарҳангӣ, таблиғ ва паҳнкунии филмҳо, иштирок дар синамоҷашнвораҳо, кинофорумҳо ва бозорҳои синамоии байналмилалӣ, филмбардории муштарак ва табодули таҷриба мебошад.

Ёддошти тафоҳум бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи синамо, таҳкими дӯстии Тоҷикистон ва Чин, назари ҷомеа ва асосҳои иҷтимоии муносибат байни ду давлат, таърихи дӯстии тоҷикону чиниҳо, ҳамзамон мусоидат барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Чин, ки барои дӯстии наслҳо самаровар мебошад, дар асоси ризояти тарафайн таҳия ва ба имзо расонида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки минбаъд муносибатҳои шарикию дӯстона байни синамогарони Тоҷикистон ва Чин амалӣ шуда, ҳамкории судманд дар соҳаи синамо ва офаридани филмҳои муштарак ба роҳ монда мешавад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Май 18, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад