Волидон ба фарзандон бояд аввал илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то дар пешбурди оиладорӣ дар намонанд

Май 15, 2024 17:29

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Волидон саросема нашуда, бояд аввал ба фарзандон илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то дар пешбурди иқтисодии оиладорӣ дар намонанд. Яъне, паст будани вазъи иқтисодии хонавода низ сабаб мегардад ва ҳамсарон дар ҳалли камбудиҳо оҷиз мемонанд. Меъёрҳои нонавиштаи ахлоқ, ба мисли эҳтироми калонсолон ва зану шавҳарро бояд ба фарзандон омӯхт. Модар барои духтар шахси наздиктарин аст ва роҳнамоӣ дар омӯхтани таҷрибаи рӯзгордориро маҳз модар анҷом медиҳад. Чунин нигоштааст муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мавлуда Шарифзода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила.

— Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро оила дар ҳама давру замон арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад.

Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолиятҳои дигари оиларо фаро намегирем.

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некуаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти мамлакат вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд.

Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагӣ аст. Маҳз бар ин мафҳумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва пешрафти давлат некуаҳволии оила мебошад. Рисолати асосии оила метавон гуфт, ки таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имӯуз бо мушкиле рӯ ба рӯ омадааст, ки вобаста ба ноустувории ақди никоҳ ҷудошавии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон зиёд шуда истодааст. Пошхӯрии оилаҳо дар ҷомеа хеле нигаронкунанда мебошад. Барои устувор нигоҳ доштани оилаҳо меҳру муҳаббат, садоқат ва муқаддас донистани арзишҳои оиладориро дар замири ҷавонон ҷой намоем, зеро оилаи солим ҷомеаро солим нигоҳ дошта метавонад.

Ҳадаф аз оила бунёд намудан ва ба дунё овардани фарзандони солими барои ҷомеаву хонавода нафъовар мебошад. Пеш аз барпо намудани оила машварати духтурон ба хотири пешгирии бемориҳои гуногун, ба мисоли ВНМО ё дигар маризиҳои венерикӣ, барои ташкили оила ва насли солим ва саломатии зану шавҳари оянда аҳаммияти муҳим дорад.

Мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати куҳанбунёди мо намунаҳои шоистаи суннатҳои баландро поя гузоштааст. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо таҳқиқот, пажӯҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёд дар мавзуи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии инсонии ҷомеа ба мерос гузоштаанд, ки маълуму машҳур ҳастанд. Хусусан асарҳои ҷовидонаи адибони классики мо гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ ва айёми худшиносии миллӣ Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба ин суннатҳои неки гузаштагон заминаҳои нави имрӯзӣ ва созгор бо замонаро бунёд ниҳоданд. Хусусан Консепсияи рушди оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки лоиҳаи онро Сарвари давлат пешниҳод намудаанд, дар таҳкими оилаву оиладорӣ ва пешрафти он роҳнамои хубе барои хонаводаҳои имрӯзи мамлакат гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оилаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро вазифадор менамоянд, ки дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид