35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Меҳмонхонаи «Хуҷанд»-и шаҳри Бӯстон навсозӣ мешавад

Июнь 13, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ гардида, кӯле, ки дар шафати он қарор дорад, ба таъмир фаро гирифта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи навсозии ин меҳмонхона иттилоъ дода шуд, ки кӯли шаҳри Бӯстон ба минтақаи истироҳативу фароғатӣ табдил дода шуда, шуҳрати пешинаи он барқарор карда мешавад.

Дар ҳудуди кӯл бунёди варзишгоҳ, марказҳои хизматрасонӣ, ҷойҳои истироҳатӣ ба нақша гирифта шуда, меҳмонхонаи «Хуҷанд» низ бо назардошти талаботи замон пурра таъмир карда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ҳуҷраҳои меҳмонхона ба пуррагӣ таъмир шуда, хатҳои обу ташноб ва барқ нав карда мешавад.

Навсозии меҳмонхона ва кӯли мазкур бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ дар вилоят ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 13, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд