ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ. Аз ёдгории Ҳалқаҷар зевари тиллоӣ кашф гардид
ДУШАНБЕ,18.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгории таърихии Ҳалқаҷар, ки дар деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷойгир аст, дахма кашф гардид, ки аз он осори гуногуни таърихӣ, ба монанди зарфҳо ва чароғи сафолӣ, дӯки бофандагӣ, оинаи биринҷӣ, сиккаҳои мисӣ, ашёи оҳанӣ ва зевари тиллоӣ бозёфт шуд. Осори бозёфтшуда мансуб ба замони давлатдории Кушониён (асрҳои II пеш аз мелод III мелодӣ) буда, аз рушди ҳунарҳои кулолгарӣ, мисгарӣ ва заргарӣ дар он даврон гувоҳӣ медиҳанд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дахмаро сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Муҳсин Бобомуллоев зимни гузаронидани ҳафриёти бостоншиносӣ пайдо намуд.
Таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир, ки то ҳол мавриди омӯзиши густурда қарор нагирифтааст, дар оянда имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳқиқу омӯзиш ва кашфи осори нодири таърихӣ аз ёдгориҳои бостонии ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла ёдгории Ҳалқаҷар мебошад. Дар ин мавзеъ ҳафриётҳо солҳои 1958, 1973, 1981 аз ҷониби бостоншиносон Т. Зеймал, Б.Литвинский ва А. Седов гузаронида шудаанд.
Дар замони истиқлолияти давлатӣ ин ёдгориро соли 2001 академик Юсуфшоҳ Яъқубов ва солҳои 2014 ва 2020 мутахассисони Осорхонаи миллӣ мавриди омӯзиш қарор дода, осори гуногуни таърихиро пайдо намудаанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






