АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Дар Хуҷанд Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистон ва Чин доир мешавад

Июнь 18, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин, ки 20 июн дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мегардад, вориди Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меҳмононро дар фурудгоҳ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода истиқбол намуд.

Нимаи дуюми рӯз мулоқоти меҳмонон бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Сипас онҳо барои иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин ба шаҳри Хуҷанд сафар менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромада, дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт сол то сол афзоиш меёбад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 18, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд