Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, шартномаи ҳамкорӣ 25 июн зимни мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Ирина Лазаренко ба имзо расид.
Тибқи созишномаи ҳамкорӣ, дар соҳаи омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кутоҳмуддат, дарозмуддат ва курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар мулоқот Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти кумита, коллеҷҳо ва литсейҳои касбию техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумита бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олию ибтидоӣ ва миёнаи касбии Федератсияи Русия ҳамкорӣ менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Ирина Лазаренко барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм ёдовар гардид.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






