«БАРНОМАСОЗИ ҶАВОН». Даври ҷумҳуриявии озмун бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» доир гардид

Июнь 1, 2024 08:49

ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» баргузор гардид. Озмун бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ёрии амалӣ ба омӯзгорону хонандагон дар самти татбиқи васеи барномаҳои муосири электронӣ дар раванди таълиму тарбияи наврасону ҷавонон гузаронида шуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи озмун тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти илмҳои муосир, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фаннӣ, баёни озодонаи фикр, аз худ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир, дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ шавқу завқ доранд, ташвиқ ва тарғиби хонандагон дар самти созандагию эҷодкорӣ мебошад.

Озмун тибқи талаботи Низомнома барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ташкил шуда, 4 номинатсияро дар бар гирифт:

  1. «Барномасозӣ»
  2.  «Веб-барномасозӣ»
  3. Сохтани манбаи маълумот
  4. Сохтани шабакаҳои иттилоотӣ


Дар озмун аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ хонандагони боистеъдод ҷамъ омада, сабқат намуданд. Дар асоси талаботи озмун фаъолияти довталабон аз назари доварон арзёбӣ гардида, беҳтарин барномасозони оянда ҳамчун ғолибони озмун муайян шуданд.

Ғолибон бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ба таъкиди Пешвои миллат, «асри XXI асри технологияи нав ва информатика мебошад. Аз ин рӯ мо бояд барои ҷавонон ҳарчи бештар ғамхорӣ намоем, то онҳо дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳони имрӯзаро пурра аз худ намоянд».

 

АКС: Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 1, 2024 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд