Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе Форуми байналмилалии пиряхҳо доир гардид

Июнь 10, 2024 15:46

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Манбаи асосии оби нӯшокӣ дар сайёра пиряхҳо мебошанд, аз ин рӯ пиряхҳо дар ташаккули ҳаёт дар рӯи Замин нақши муассир ва калидӣ дошта, обшавии бесобиқаи онҳо давоми даҳсолаҳои охир ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Душанбе дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Форуми байналмилалии пиряхҳо доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Форуми байналмилалии пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО гузаронида шуд. Дар Форуми байналмилалии пиряхҳо муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, намояндагони махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ва намояндагони дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ, олимону коршиносони масоили обу иқлим ва пиряхшиносӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз номи Ҳукумати мамлакат иштирокдорони Форуми байналмилалии пиряхҳоро барои ташрифашон ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим сухан гуфт.

Иброз гардид, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатънома дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо дастгирии аксарияти давлатҳои ҷаҳон қабул намуд. Дар қатънома ба ғайр аз эълон гаштани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баргузор гардидани конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2025 дар шаҳри Душанбе, эълн гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ гардид.

Таъкид шуд, ки ҷонибдории иқдоми панҷуми глобалии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои Тоҷикистон ифтихори бузург буда, Тоҷикистон масъулияти азимро дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи муҳити зист ва вусъати ҳамкории байналмилалӣ ба зимма гирифтааст.

Гуфта шуд, ки дар асоси ин қатънома Фонди байналмилалии мақсадноки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, Тоҷикистон ба суратҳисоби ин фонд саҳми аввалини молиявӣ гузаронид.

Инчунин Лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии Созмони Милали Муттаҳид (WMO) ва ЮНЕСКО дар ҳоли таҳия мебошад.

Дар Форуми байналмилалии пиряхҳо инчунин Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ доир ба иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва дигар ташаббусҳои байналмилалии давлатамон дар сатҳи байналмилалӣ ибрози назар намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ зимни гузаронидани экспедитсияҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Форуми байналмилалии пиряхҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим, инчунин баланд бардоштани огоҳии минбаъда дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи пиряхҳо (соли 2025), пешниҳоди Харитаи роҳ оид ба татбиқи Соли байналмилалии пиряхҳо гузаронида шуда, дар ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт нақши муҳим мегузорад.

Иштирокдорони Форуми байналмилалии пиряхҳо масоили муҳими марбут ба нақши асосии созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, ҷомеаи илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро дар ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, пешгирии онҳо аз омилҳое, ки марбут ба тағйирёбии иқлим, хусусан ифлосшавии муҳити зист, гузаронидани корҳои омӯзишӣ, экспедитсияҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи форум фикру мулоҳизаҳо дар бораи харитаи роҳ баррасӣ гардида, мисолҳо ва лоиҳаҳое, ки ҳамчун саҳм оид ба ҳадафҳои Соли байналмилалии қутбӣ-2025 амалӣ карда мешаванд, инчунин таҷрибаҳои беҳтарин, ҳамоҳангсозии ҳамкории густурда дар самти ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъхои боз

Июнь 10, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

COP30. Дар Бразилия саҳми Тоҷикистон дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид гардид
Дар Бразилия барномаҳои Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муаррифӣ карда шуданд
COP 30 ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст
Дар вохӯриҳои канории СОР-30 ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ёдовар шуданд
Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба қабули қатъномаи ЮНЕСКО «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ҳамоиш доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар Форуми ҳамкории Чин – Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар саммити COP-30 ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо ҳамоиши илмӣ доир гардид
Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об-2025 мавқеи Тоҷикистонро дар самти истифодаи устувори захираҳои об таъкид намуд