Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — пояи сулҳ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Анвори дониш»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Дар конференсия изҳор гардид, ки «Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аст».
Дар ҳамоиш ҳамчунин гуфта шуд, ки дастоварди бузургтарини мо дар ин давра барқарор намудаи сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар шуд.
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ», «Пешвои ваҳдатгаро ва арзиши Ваҳдати миллӣ», «Ваҳдати миллӣ — мактаби бузурги ватандорӣ» маърӯза пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон мебошад ва ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






