Дар Душанбе ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ баррасӣ шуд

Июнь 13, 2024 18:44

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана, ки барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба шаҳри Душанбе омадааст, вохӯрӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, ҷонибҳо доир ба вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидор барои рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳа, инчунин табодули таҷрибаи амалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад