Дар Душанбе вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Аврупо конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Июнь 26, 2024 11:36

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ  таҳти унвони «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо минтақаи Аврупо: ҳолат ва дурнамои рушд» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, дар кори конференсия олимон, коршиносон ва муҳаққиқони самти таҳқиқоти Аврупо масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои мутараққии ин минтақа, аз ҷумла динамикаи рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия, тағйироти манзараи геополитикии системаи муосири муносибатҳои байналхалкӣ, ҳамкории Тоҷикистон бо Олмон дар марҳалаи муосир, марҳилаҳои асосии ташаккул ва инкишофи муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳаввули ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Аврупо, нақши расонаҳои аврупоӣ дар ташаккули шинохти байналмилалии Тоҷикистон, умумият, хусусиятҳо ва тафовути ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Мардумии Чин: «Дарвозаи ҷаҳонӣ» ва  «Камарбанд ва роҳ»: имконот ва паёмадҳо барои Тоҷикистон ва ғайраро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.

Таҳқиқу таҳлили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои макроминтақаи Аврупо дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Зеро чунин ҳамкорӣ  дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аҳамияти мутақобилан судмандро доро буда, яке аз муҳиммияти баргузории конфронси мазкур низ маҳз дар ҳамин матлаб зоҳир мегардад.

Иброз гардид, ки дар замони муосир ва дар қаринаи шаклгирии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ таҳкиму тақвияти ҳамкории бисёрсамта бо мамлакатҳои пешрафтаи узви Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта,  қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ҷонибҳоро дар тамоюли рушд қарор доранд.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Июнь 26, 2024 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст