Дар Норак Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд

Июнь 26, 2024 08:34

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд, ки дар он шаҳрвандони синну соли гуногун фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Норак хабар медиҳад.

Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ иштирокдорони мусобиқаи варзиширо бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодааст. Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Пас аз қисмати ифтитоҳии ҳамоиш иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Норак дар чанд гурӯҳ сабқат карданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону фаъолони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш Диплому Сипоснома ва мукофотҳо супурда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Норак

Июнь 26, 2024 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст