Дар шаҳри Остона ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ баргузор гардид, ииттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Аъзои ҷаласа дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ин марказ маблағгузорӣ мешаванд, шинос гардиданд. Дар кори он олимону намояндагони соҳаҳои илмиву техникии ҷаҳон, аз ҷумла президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази илмии ҷумҳурӣ ҳамкории худро бо аксарияти муассисаҳои илмии давлатҳои ҷаҳон тақвият дода, барои рушди зинаҳои гуногуни соҳа тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






