Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — таҷҷасумгари иттиҳоду сарҷамъӣ» ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, ки «ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки асосан аз фарҳангу хиради сулҳҷуёнаи мардуми тоҷик ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, имрӯз таҷассумгари иттиҳоду ягонагии ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад».
Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар мамлакат тақозо менамояд, ки ҳама дастаҷамъона саъйю талош варзанд, то аз раванди босуръати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ имрӯз дар мамлакат зербинои устувори фардоро гузорем ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисосро тарбия намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне Ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалдараҷаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст.
Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба нақш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар таъмини рушди устувори мамлакат ибрози назар намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






