Дастаи вилояти Хатлон дар Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни мардон сазовори ҷойи аввал гардид

Июнь 26, 2024 09:07

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни мардон ҷамъбаст гардида, ҷой якумро дастаи вилояти Хатлон — 2 (Кӯлоб), ҷойи дуюмро волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҷойи сеюмро дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Турсунзода)  сазовор гардиданд.

Тавре дар Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз 19 то 24 июн мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол (байни мардон) байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир шуда, дастаҳои ғолиб аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки ин мусобиқаи варзишӣ бо мақсади тарғиби васеи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар деҳоти мамлкаат ва ҷалби ҷавонон ва калонсолони деҳот ба волейбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонону калонсолони деҳот ва дарëфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз деҳот равона гардидааст.

АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст