Эмомалӣ Раҳмон: «Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад»

Июнь 17, 2024 13:20

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Тоҷикистон бо такя ба ақлу хиради азалии мардуми худ барои таъмин намудани хушбахтии шаҳрвандони мамлакат, яъне ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи ҳар як хонадони мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Ин матлабро дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо акнун давлат бунёд карда истодаем, дар зиндагиамон ҳанӯз мушкилоти зиёд дорем. Барои ҳалли онҳо кор мекунем, заҳмат мекашем, Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад. Бахусус, ҷавононамон, ки мо онҳоро захираи бузурги стратегӣ барои ояндаи давлати соҳибистиқлоламон меҳисобем, бояд хонанд, донишманд шаванд, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоянд».

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо солҳои ниҳоят вазнини 90-уми асри гузаштаро, ки бо дахолати қувваҳои бадхоҳ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сарамон омаданд, сипарӣ намудем, миллатамонро дигарбора соҳибӣ кардем, сарҷамъ намудем, давлатамонро аз нестӣ наҷот додем, яъне аз вазъияти бениҳоят сангин, шукр, ки баромадем.

«Аз ин рӯ, бояд чун ҳарвақта заҳмат кашем, бахусус, ҳосили фаровони имсоларо, ки ба шарофати табиати биҳиштосо ва аз баракати кишоварзони бонангу номусамон муяссар гардидааст, беталаф ҷамъоварӣ намоем, кишти такрориро вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи маводи ғизоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот бошем»-чунин даъват намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Июнь 17, 2024 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Қурбон тӯй ё маросиме нест, ки боиси вазнин шудани вазъи молии инсон ва аъзои оилаи вай гардад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Рен Чинг Чун: «Иқдоми ҷаҳонии Тоҷикистонро дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ менамоем»
Давоми ду даҳсола ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои об нақши муҳим гузоштанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи хотимавии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт сазовори эҳтиёт ва эҳтирому арҷгузории шоиста аст»