ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар ин мавзуъ

Июнь 22, 2024 17:08

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдат муҳимтарин рукни ҳаёт ва бақои миллат ва рамзи пирӯзӣ ва такмилу устувории Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он ёд менамоянд.

Ҳифз ва таҳкими ваҳдат амри ҳаётии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Иттиҳод дар луғат ба маънии “ягона шудан”, “яктоӣ ва ягонагӣ” аст ва миллӣ аз назари луғавӣ мансуб ба миллат мебошад ва он чӣ дар ихтиёри миллат аст, миллӣ аст, яъне ваҳдат ва ягонагӣ моликияти миллат аст ва ҳамчунин миллист. Вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ҷангу хунрезӣ, амалҳои террористиву экстремистӣ, зери парчами ислом паҳншавии ғояҳои радикалӣ мазмун ва моҳияти ваҳдати миллиро боз ҳам бароямон гаронарзиштар муаррифӣ менамояд ва талқину тақозо дорад, ки беш аз пеш ҳушёру зирак ва аз дасисаву фиреби афроди муғриз дар канор бошем ва дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат даст ба дасти ҳам гирифта, чун сипар во истем, чун айни ҳол ваҳдати миллӣ зарурат, ҳадаф ва манфиатҳои миллиро зиёдтар касб кардааст.

Чун қоида ҳар як низоми иҷтимоӣ барои бақо ва идомаи ҳаёти иҷтимоии хеш бояд шинохти комил аз миллати худро дошта бошад, душмани худро низ ба хубӣ бишносад, то дар ҳолати зарурӣ муқобилият ба таҳоҷуми онҳо нишон дода тавонад. Бинобар ин, ваҳдат ва иртиботи амиқ байни қишрҳои мардумӣ яке аз ниёзҳои раднашвандаи ҷомеа маҳсуб мешавад, ки ин бояд дар мадди аввали назари мо бошад.

Дар робита ба зарурати ин масъала Пешвои муаззам фармудаанд: «Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми “шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ” бисёр муҳим аст».

Имрӯзҳо, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ки бо баробари дастоварди бузурги фановарӣ доштан, аз хатарҳои зиёду чун тағйир додани фарҳангу расму оинҳои миллӣ ва боварҳои мо холӣ нест, ба масъалаи ваҳдати миллӣ ҷиддан бояд таваҷҷуҳ намуданамон зарур аст.

Қишрҳои мухталифи ҷомеа, бидуни масоили ҷуғрофӣ, боварӣ, ҷинсӣ ва забонӣ бояд барои ҳифзу эҳтироми фарҳанг, забону кулли арзишҳои миллӣ даст ба дасти ҳам диҳанд ва баҳри рушди ҷомеа иқдомоти муассир гузоранд, яъне қаблан ягонагӣ ва садоқатро нигоҳ доранд.

Таърихи начандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ гувоҳ аст, дар сояи ваҳдат рӯҳи миллат эҳё ва ҷойи душманони дохиливу хориҷӣ нишон дода шуда, давлат рӯйи сармояи худ пойдор гардид.

Омили асосии рушди мунтазами иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон тайи 27 соли охир, яъне аз рӯзҳои нахустини Ваҳдати миллӣ бар муқобили нотавонбинии душманон ва бадхоҳони миллат қад алам кардани мо ваҳдат ва ягонагии миллат буду ҳаст.

Маълум аст, ки ҷомеае, ки дар он ваҳдат ва якдилӣ ҳукмфармост, камтар осебпазир аст, зеро дар чунин ҷомеаҳо бо кувваи Ҳукумат ва пуштибонии мардум душман камтар умеди рахна кардани онро дорад ва роҳҳои бастаро мебинад, аз ин рӯ наметавонад чомеъаро ба ранҷу буҳрон гирифтор созад ва вазъро ба вучуд оварад.

Ҳар ҷомеа аз ҳизбу гуруҳҳо иборат аст, ки бо мақсади муайян ташкил шуда, ба сиёсати ҷомеа дахолат мекунанд. Дар мамлакати мо хизбу гуруҳҳои гуногун мавчуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар асоси ғояву максадҳои мушаххас ташкил ёфта, дар хаёти сиёсии ҷамъият фаъоланд. Қабл аз ҳама вазифаи муқаддаси аҳзоби сиёсӣ ҳифзу ҳимоя ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бояд бошад. Оддитар карда гӯем, новобаста аз мансубият ба кадом аҳзоб буданаш, ҳар як фард содиқу вафодор ба Ватани азизамон-Тоҷикистон бошад.

Рушди иқтисодии мамлакат омили асосии усувории ваҳдати миллӣ мебошад, зеро он мардуме, ки дар гирудори ҷанги шаҳрвандӣ ноумеду малул гашта буд, бо зина ба зина амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунубасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат миллати аз ҷангу парокандагӣ хастаро ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ овард. Зеро ҳар як тоҷик эҳсос намуд, ки тамоми азму талош ва нақшаву стратегияҳои Ҳукумат ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат аст.

Яке аз категорияҳои муҳиме, ки метавонад дар тағйири вазъи ҳар ҷомеаи имрӯза таъсири назаррас дошта бошад, категорияи фарҳанг аст. Ҳар як миллат дорои захираҳои фарҳангӣ мебошад, ки аз рӯи амиқӣ, фарогирӣ ва қадимияти он пайвастагии миллӣ ва пайвастагии наслҳои як миллатро бо гузаштаи он ба вуҷуд меорад. Ин захираҳо, ки натиҷаи ранҷу заҳматҳои чандинсола ва нишебу фарозҳои миллат аст, гаронбаҳотарин сармоя маҳсуб меёбад, аз қадим душманони дохиливу берунӣ маҳз онро ҳадаф мегирифтанд. Воқеан, фарҳанг меҳвари ҳастӣ ва бақои миллат аст, ки дар асоси рушди мустақилу устувори он бегонагон дахолат карда наметавонанд. Аз ҷомеа тақлид накардан ба фарҳанги бегона тақозо карда мешавад, то фарҳанги миллӣ дар ҳоли рушди устувор бошад. Меросбарони фарҳанги пурғановати миллат дар ин росто бояд ҳушёру зирак бошанд, то ба суст шудани арзишҳои миллӣ роҳ надиҳанд.

Падидаҳои манфии ҷомеа, ки миёни муғризон домана паҳн намуда истодааст, чун пайвастани аҳён ҷавонон ба созмонҳои ифротию террористӣ, ба таҳсили ғайрирасмии динӣ майл кардани аҳён наврасон, тақлид кардани аҳён занон ба пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона, ба ришвахориву маҳалгароӣ роҳ додани баъзе хизматчиёни давлатӣ пояи ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро суст мекунад ва аз ин вазъ душманони миллат истифода мебаранд, то фитна миёни мардуми мамлакат андозанд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар зиндагии мардум, вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон солҳои 90-ум хисороти сангин ба миён оварда буд, ки то ҳанӯз таъсири манфии он эҳсос карда мешавад. Миллати тоҷик аз азал ба қадри неъмати бебеаҳо сулҳ расидаанд ва имрӯзҳо низ сулҳу суботи пойдори мамлакати азизамон чун бебаҳотарин арзиш эътироф шудааст. Мо, набояд ҳеч гоҳ фаромӯш намоем, ки сулҳу субот дар ивази талошҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осон ба даст наомадааст.

Саҳнаҳои ҷон ба гаравмониҳои Сарвари мамлакат ба хотири дастёб шудан ба Ваҳдат аз пеши назари мо набояд сутурда шавад, зеро хеле муҳим аст ва таҷрибаи мактаби ваҳдатофарини Пешвои миллатро имрӯз дигар мамлакатҳо боиси таҳқиқу пажӯҳиш қарор додаанд, дар ин радиф бояд тамоми намояндагони қишри ҷомеа аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ба даст омадааст, шукргузор ва сипосманд бошанд ва ба қадру манзалати арзишҳои гаромояи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат ва Пешво расида бошанд ва баҳри зиндагии шоистаи худ пайваста беш аз пеш саъю кӯшиш намоянд.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ
узви Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
дар Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2024 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст