ФОРУМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Он ба таҳкими нақши занону духтарон дар рушди иқтисодию иҷтимоии ду давлат мусоидат менамояд

Июнь 20, 2024 16:49

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Форуми занони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд- як роҳ» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ба кори худ оғоз намуд, ки дар доираи он тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат баррасӣ гардид.

Дар қисмати дуввум ва сеюми чорабинӣ намояндагони Тоҷикистону Чин дар мавзуи  тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду  давлат маъруза  намуданд.

Форуми мазкур бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории занони Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» доир гардида, барои фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат замина хоҳад гузошт.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур дар форум масъалаҳои фароҳамории замина барои табодули таҷриба ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ ва фаъолнокии иҷтимоии занон, таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ», таҳкими робитаҳои фарҳангии занони ду мамлакат ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 20, 2024 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд