GOOGLE PAY. Дар Тоҷикистон хизматрасонии низоми мазкур барои пардохти ғайринақдӣ фаъол мегардад
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони низоми бонкӣ, Шурои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор ширкатҳои амрикоӣ ба фаъолияти шабакаи хизматрасонии низоми пардохти ғайринақдӣ Google Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Низоми Google Pay дар мамлакатҳои дорои низомҳои пешрафтаи пардохтҳои ғайринақдӣ муваффақона фаъолият мекунад ва Тоҷикистон феълан 74-умин давлате мебошад, ки ин намуди хизматрасонӣ дар он дастрас аст.
Ин низом имкон медиҳад, ки дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ тавассути телефонҳои мобилие (смартфонҳое), ки дар низоми амалиётии Android кор мекунанд ва дорои модули NFC мебошанд, пардохт анҷом дода шаванд.
Дорандагони кортҳои пардохт ҳамзамон имконияти бехатар ва бо осонӣ пардохт намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро бе истифодаи кортҳо пайдо менамоянд. Ҳамаи амалиётҳои молиявӣ тавассути низомҳои пардохтии байналмилалӣ анҷом дода мешаванд ва Google Pay танҳо ҳамчун низоми технологӣ амал мекунад, ки дорандаи корти пардохтро бо нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ мепайвандад.
Алҳол дар Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк» аввалин шуда ба низоми Google Pay муваффақона ҳамгиро шудааст, ки муштариёни он метавонанд кортҳои Visa-и худро ба ин низом пайваст намоянд ва дар POS-терминалҳои корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ пардохтро анҷом диҳанд.
Интизор меравад, ки дигар ташкилотҳои қарзию молиявӣ низ, ки иштирокчиёни низоми пардохти байналмилалӣ Visa ва Mastercard мебошанд, дар ояндаи наздик пардохти ғайринақдиро тавассути низоми Google Pay пешниҳод намоянд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






