ХУШ ОМАДЕД! Меҳмонон ва иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо менамоянд

Июнь 13, 2024 08:32

ДУШАНБЕ, 13.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои меҳмонон ва иштирокчиёни он 7 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин чорабинӣ, меҳмонон аз рӯи хатсайрҳои: саёҳат дар шаҳри Душанбе, сафар ба осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ва тамошои Қалъаи Ҳисор, саёҳат ба шаҳри Норак (шиносоӣ бо сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак»), саёҳат ба шаҳри Роғун (шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Роғун»), саёҳат ба дараи зебоманзараи Ромит, сайру гашт дар дараи Варзоб ва қад-қади болооби дарёи Сиёма ва саёҳат ба Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» бо якчанд мавзеи зебою хотирмони мамлакат шинос мешаванд.

Меҳмонон аз тамошои обҳои мусаффо, кӯҳҳои сар ба афлок, табиати нотакрор, осмони беғубор, гулҳои шукуфон ва дарахтони ҳамешасабзи мамлакати мо ҳаловат мебаранд. Зеро боду ҳавои тозаи мамлакати мо барои саломатӣ аҳамияти калон дорад. Хушбахтона, осмони Тоҷикистон софу беғубор буда, гулу гиёҳҳои табиати диёрамон ҳамчун воситаи шифо истифода мешаванд.

Ба гуфти масъулини Кумитаи сайёҳӣ, тавассути ин хатсайрҳо маротибаи аввал сайёҳони хориҷӣ ба тамошои беҳтарин мавзеъҳо бурда мешаванд.

Зимни сафар ба меҳмонон хӯроки нисфирӯзӣ бо таомҳои миллӣ пешкаш карда мешавад. Ин саёҳат ба меҳмонон имконият медиҳад, ки на танҳо бо табиати бойи Тоҷикистон шинос шаванд, балки дар оғӯши табиати зебо таомҳои миллии моро истеъмол намоянд.

Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон тибқи баҳогузории созмонҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи беҳтарин давлатҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона, даҳгонаи мамлакатҳои беҳтарин аз рӯйи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми содаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гардидааст.

Тоҷикистони биҳиштосои мо дорои захираҳои бойи сайёҳӣ мебошад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, кӯлу дарёҳо, чашмаҳои обҳои шифобахш, ёдгориҳои қадимӣ ва беназири таърихӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, набототу ҳайвонот таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд. Бартарияти соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар он аст, ки табиати мо, воқеан табиӣ ва дастнорасида аст. Бинобар ин сайёҳон ба он таваҷҷуҳи бештар доранд. Бартарияти дигари табиати Тоҷикистон-ин обҳои шифобахш ва минералӣ мебошанд, ки баъзеи онҳо танҳо дар мамлакати мо мавҷуд ҳастанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд