Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

Июнь 26, 2024 13:50

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи хотимавии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба маблағгузории идомаи сохтмони Лоти 4-и (иншоотҳои соҳили чап) лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА» оид ба истихроҷ ва коркарди ангиштаз қабати 6в-и майдони Шарқии кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷлосияи панҷум фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд роҳандозӣ намуд. Дар ин давра 37 ҷаласаи Шуро ва 27 иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи онҳо беш аз 804 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда 575 қарори Шуро ва 229 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул гардиданд.

Дар давраи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум 129 қонун, аз ҷумла 11 қонуни мукаммал, 3 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 85 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 30 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 53 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.

Аз шумораи умумии қонунҳои манзуршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 6 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 40 лоиҳаро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо узви Маҷлиси миллӣ (ба таври омехта) 11 лоиҳа таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дар маҷмуъ вакилони Маҷлиси намояндагон дар пешниҳоди 51 лоиҳаи қонун ташаббус кардаанд.

Маҷмӯан то ба имрӯз беш аз 89 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 30 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон қарор доранд.

Дар интиҳои иҷлосия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода тибқи қарорҳои шуроҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушд ва таҳкими парламентаризм ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, иштироки фаъолона дар кори Ассамблеяҳо бо медал ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои  узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  Ассамблеяи  Парлумонии  Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  шахсони зеринро, аз ҷумла  Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо медал барои тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар кори Ассамблеяи Парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайриддин Усмонзода бо Ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар кори Ассамблеяи Парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарон сарфароз гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Ҳайати Парламенти Федератсияи Русия бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон шинос гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода бо сокинону интихобкунандагон дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг вохӯрӣ намуд
Сомонаи нави Маҷлиси намояндагон ба фаъолият шуруъ намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ дар Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим сухан намуд
Дар палатаи поёнии Парлумон бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кӯлоб барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандону табибони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд
Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ менамоянд