КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД! Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Норак барномаи идона доир шуд
НОРАК, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо ҷалби кӯдакону наврасон ва волидайни онҳо барномаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ бо дастовардҳои кӯдакону наврасон ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳама маҳсули дастони наврасону кӯдакон буданд, шинос шуд.
Иброз гардид, ки ҳар сол чун анъана 1 июн чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби аҳли башар таҷлил мегардад. Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн меҳвари давлатдории навини тоҷикон маҳсуб шуда, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон ба ғолибони озмунҳо ва хурдсолон туҳфаҳои идона супорида шуданд. Барномаи ҷолиби консертӣ табъи кӯдакону наврасонро болида гардонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






