Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» ба кори худ оғоз намуд

Июнь 24, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ-таҳлилии Тоҷикистону Чин Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» ба кори худ оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Конфронс бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стретегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи баргузории он арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва роҳу воситаҳои тавсеи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду мамлакат мебошад.

Дар конфронс масъалаҳои рушди ҳамкории сиёсӣ ва эътимоди мутақобила байни Тоҷикистону Чин дар замони муосир, вазъи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба дар марҳалаи нав, ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон дар конфронс рӯнамоии китобҳои «Тоҷикистон – Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ» ва «Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкории босамар» дар назар дошта шудааст.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд