Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер: «Мо татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун»-ро ҷонибдорӣ менамоем»

Июнь 10, 2024 14:18

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки исломии рушд лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дастгирӣ менамояд», — таъкид намуд имрӯз пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имконияти мулоқот ва баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд изҳори сипос намуд.

Дар мулоқот оид ба таърихи тайкардаи Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодӣ маълумоти муфассал манзур ва бобати афзалияти мамлакат барои оянда низ фикру мунозираҳо гуфта шуданд.

«Бонки исломии рушд давоми солҳои зиёд бо Тоҷикистон ҳамкории хеле зич ва судманд дорад. Ин ҳамкорӣ бештар аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. – Мо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ қаноатманд мебошем. Яке аз лоиҳаҳое, ки имрӯзҳо мавриди баррасии тарафайн қарор дорад, ин лоиҳаи дастгирии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.  Бонки исломии рушд тасмим гирифтааст, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад шартнома ба имзо расонад»,- таъкид намуд Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер.

Гуфта шуд, маблағҳое, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон ҷудо гардидаанд, ба соҳаҳои энергетика, маориф, саноату кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар самтҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат равона гардидаанд.

«Мо итминон дорем, ки ҳамкории кунунӣ тавсеа ёфта, барои дигар алоқамандон ва маблағгузорон ҳамчун даъват хизмат менамояд», — гуфт дар анҷом Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид