Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ин мавзуъ конференсия доир гардид
РӮДАКӢ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳи унвони «Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад иштирокдорон аз рисолат ва нақши матбуоти маҳаллӣ ёдоварӣ шуда, иброз доштанд, ки рӯзномаи «Насими айём»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо фарогирӣ ва инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳлилу баррасии мушкилоти мавҷуда дар таъмини мардум бо иттилооти саҳеҳ ва дақиқ нақши арзанда мегузорад.
Гуфта шуд, ки матбуоти маҳаллӣ публитсистикаро дар саҳифаҳои худ ҳамеша нигоҳ дошта, бо марзу уфуқҳои нисбатан маҳдуд дар афкори ҳамзамонон таъсири доимиву оҷилӣ гузоштааст. Нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст ва ҳар давлати мустақил, бахусус давлатҳои абарқудрат аз он чун воситаи асосии таҳвилдиҳии ғояҳо ва татбиқи мақсадҳои хеш истифода менамояд. Дар мамлакати мо низ матбуот чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳимми ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки бо туфайли сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои ахбори омма дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар сафи пеш қарор доранд.
Рӯзномаи «Насими айём» дар вазъи рушди иттилооти маҷозӣ, шабакавӣ, расонаҳои интернетӣ, ки ақлу хиради ҷавононро ба доми ифротгароӣ ва хушунат ҷалб мекунанд, фазои иттилотиро бо таблиғи асолатҳои башарӣ, каломи ибратомӯзи ваҳдату ҳамгироӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳушёрии сиёсӣ пур мекунад.
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ шумораи идонаи рӯзномаи «Насими айём» иборат аз 8 саҳифа рӯйи чоп омад ва дастраси хонандагон гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






