НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО «СУҒД-2024». Вилояти Суғд бо зиёда аз 60 давлати ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад
ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисоду савдо, саноату кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба пешравӣ ноил гардидааст. Имрӯз вилояти Суғд бо тамоми ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳамкории судманд дошта, бо зиёда аз 60 мамлакати ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Дар ин хусус 18 июн зимни баргузории форум таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа» иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Форум дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» дар Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуда, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ҳокимони вилояти Тошканд, Намангон, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, губернатори вилояти Пензаи Федератсияи Русия, ноиб-президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия ва муовинони раисони як қатор вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатҳои дӯст, сафирони мамлакатҳои гуногун ва соҳибкорону сармоягузорони дохилу хориҷ иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташкили Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва форуми мазкурро як қадами муҳим дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дӯстонаи байни мамлакатҳо арзёбӣ намуд.
Мавсуф ташкили чунин ҳамоиши сатҳи баландро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи умумӣ – рушди минтақа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум муҳим дониста, иброз намуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда барои боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши табодули молу маҳсулот бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» майдони хубе барои роҳандозии ташаббусҳои нав ва баррасиву татбиқи тарҳҳои муштарак мебошад.


Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят зиёда аз 1000 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол ва як қисми он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят 3 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, барои тоҷирону сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар рафти намоишгоҳи байналмилалӣ соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки бо намояндагони тиҷоратии мамлакатҳои иштироккунанда мулоқот намуда, дурнамои ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судмандро баррасӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






