Намояндагони Тоҷикистон дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Узбекистон иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Ҷумҳурии Узбекистон фаъолияти кор бо ҷавонон, варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Узбекистон муаррифӣ гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни рӯнамоии фаъолияти самтҳои бахшҳои мазкур таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманди соҳаи ҷавонон ва варзиши Узбекистон бо кишварҳои шарик ва ҳамкор, бахусус Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки табодули таҷриба ва фароҳам овардани шароит барои ҷавонон ва дастгирии онҳо имкон дод, ки самти ҷавонон дар Узбекистон дар ҳоли рушд қарор гирад.
Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода гуфт, ки густариш ёфтани муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар самти ҷавонон ва варзиш амалӣ гардида истодааст. Бо таклифи ҷониби Узбекистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 нафар дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон иштирок доранд.
Дар рафти Фестивал масъулин иброз доштанд, ки ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд барои табодули таҷриба, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ҷавонони иштирокчии Форум мусоидат намояд, аз ҷониби дигар барои тамошои мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ имконият фароҳам меорад.
Форуми ҷаҳонии ҷавонон дар Ҷумҳурии Узбекистон идома дорад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






