Никола Микович: «Тоҷикистон дар дили қитъаи бузурги Осиё ҷойгир аст»

Июнь 12, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили қитъаи бузурги Осиё ҷойгир буда, дар он захираҳои бойи об мавҷуд аст», — чунин иброз намуд хабарнигори Сербия Никола Микович зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар доираи баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028».

Никола Микович иброз дошт, ки «ман бори аввал аст ба Тоҷикистон меоям. Манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои баланд ва ҳавои тозаи ин сарзамин ба ман хеле писанд омад. Баргузории конфронси сеюми сатҳи баланд дар ҳалли масъалаҳои марбут ба мушкилоти об на танҳо барои як минтақа ё Осиёи Марказӣ, балки барои сатҳи ҷаҳон низ хеле муҳим мебошад».

Никола Микович гуфт, ки солҳои охир ҳодисаҳои табиӣ дар гӯшаву канори дунё хеле зиёд ба вуқуъ меоянд, ки ин ҷомеаи ҷаҳонро водор менамояд дар ин самт тадбирҳои муҳим андешад. Ин конфронс ба андешидани тадбирҳои муассир дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 10 июн дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе фестивалу форумҳои зиёд доир ба масъалаҳои обу пиряхҳо ва иқлим, аз ҷумла Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», Форуми байналмилалии зан ва об, Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми оби Африқо, Форуми бахши хусусӣ, Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми ташкилоти ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология ва Фестивали обу пиряхҳо гузаронида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд