ПАРВАРИШИ КИВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Сокини ноҳияи Кӯшониён кивиро дар замини наздиҳавлигӣ парвариш мекунад

Июнь 30, 2024 15:39

ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Кӯшониён Сулаймон Шафоев имсол дар замини наздиҳавлигии худ ба парвариши кивӣ оғоз кард. Ӯ ниҳолчаҳои кивиро аз шаҳри Ҳисор дастрас намуда, дар парвариши он усули замонавии обёрии қатрагиро истифода мебарад, дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Сулаймон Шафоев гуфт, ки кивӣ монанди токи ангур шинонида шуда, танҳо лозим аст, ки решааш доим намнок нигоҳ дошта шавад. Моҳи апрел барои шинонидани дарахти кивӣ хеле қулай аст, чунки то фаро расидани моҳҳои нисбатан гарм, решаи он аллакай мустаҳкам мегардад.

Тавре узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов иброз намуд, кивӣ дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ мерӯяд, ки он пояи печанда дорад. Алҳол он чун рустании мевадор чандон зиёд парвариш карда намешавад, вале бояд гуфт, ки дар боғдории саноатӣ парваридани вай аз аҳамият холӣ нест.

Дар Тоҷикистон парвариши кивӣ аз солҳои 80-уми асри гузашта оғоз ёфтааст. Бори аввал дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академия миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оғоз гардидааст ва то имрӯз доир ба технологияи парвариш, роҳҳои афзоиш ва омӯзиши хусусиятҳои агробиологии он давом дорад.

Парвариши кивӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва баъзе хоҷагиҳои фермерии водиҳои Вахшу Ҳисор бо мақсади омӯзиши парвариши он ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфти профессор Саидалӣ Гулов, решаи кивӣ ба хок чандон чуқур намеравад. Навдаҳои кивӣ бисёр зуд месабзанд. Масалан, дарозии навдаҳои наврустаи он дар тӯли 3–4 моҳ ба 5–6 метр хоҳад расид. Ранги мевааш сабзи баланд, баъди пурра пухта расидан харбузагун мешавад. Гӯшти мевааш сершира, хушбӯй ба тамъи ананас, шоҳтути заминӣ ва ангур монанд аст. Вазни мевааш аз 40 то 150 г мебошад.

Кивӣ растании гармидӯст аст, ки он дар хунукии 16–18 дараҷа шохаҳои ҳосилдеҳ ва дар 20 дараҷа растаниро пурра сармо мезанад. Кивӣ қобилияти баланди оббухоркунӣ дорад. Бинобар ин, талаботи он ба нармии нисбии ҳаво хеле калон аст. Барги кивӣ ҳатто дар мавриди 30–40 фоиз будани намии нисбии ҳаво ба пажмурдагӣ рӯ меорад ва дар ҳолати боз ҳам камтар будани намӣ хушкида, меафтад.

Дар натиҷаи нарасидани гармӣ, кивӣ майда ва бесифат хоҳад шуд. Шамоли сахт низ ба кивӣ таъсири манфӣ мерасонад. Он дар хокҳои ковоки ҳаворас хуб месабзад. Давраи гулшукуфташ охири апрел – аввали май буда, он 7–8 рӯз идома меёбад. Меваи кивиро тирамоҳ чида, барои нағз пӯхта расидан нигоҳ медоранд.

Кивиро аз тухм ва бо роҳи пайвандкунонӣ, қаламчакунонӣ зиёд менамоянд. Бунёди замини корами он мисли токзор аст. Ба як гектар 400–1200 растанӣ шинонда мешавад. Хусусиятҳои биологӣ ва ниёзмандии кивӣ ба шароити хоку иқлим шаҳодат медиҳанд, ки онро дар Тоҷикистон парваридан мумкин аст.

Иттилоъ дода шуд, ки кивиро бо мақсади таҷриба бори аввал соли 1904 дар штати Калифорнияи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, баъдтар дар Зеландияи Нав парвариш кардаанд. Ин рустанӣ ба Фаронса соли 1903 оварда шудааст. Вале дар ин мамлакатҳо парвариши саноатии кивӣ хеле дер – дар Зеландияи Нав соли 1940 ва дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико солҳои 1965 –1968 расм гашт. Мувофиқи маълумоти Г.Наумова, масоҳати кивизори ҷаҳон ба 51,7 ҳазор га ва истеҳсоли умумии ҳосил ба 100-ҳо ҳазор тонна расидаст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 30, 2024 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид