«ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ». Имрӯз бо мақсади иштироки фаъолонаи ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд

Июнь 1, 2024 13:25

ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат — бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли мамлакат иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш ҳозирин аз намоишгоҳи дастовардҳои самти кор бо ҷавонон шинос шуда, филми таҳиянамударо, ки фарогири таърихи дирӯзу имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, тамошо намуданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб шуда, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон тадбирҳо андешида мешаванд.


Дар ҳамоиш сиёсати ҷавонон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ унвон шуда, нақши ҷавононро дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуданд.

Тавре муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Исайнӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил дода, Ҳукумати мамлакат ба ин қишри аҳолӣ диққати махсус медиҳад ва онҳоро дар ҳама самтҳо дастгирӣ менамоянд. Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷавонон тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори давлатҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

«Имрӯзҳо як қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имконияти замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома дода истодаанд. Қисме аз ҷавонон то имрӯз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои неки худро ба бор овард. Ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва медалҳои зиёдро соҳиб гашта, обрӯи Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд», — гуфт ӯ.

Дар идома ба хатмкунандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» шаҳодатнома супорида шуда, ҳамзамон аз номи тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон «Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон», ки он аз хоки тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сохта шудааст, тақдим гардид.

«Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон» дар доираи моҳвораи ҷавонон бо хусусияти хоси миллӣ сохта шуда, ҳамчун рамзи муттаҳидию сарҷамъӣ ва дӯстии тамоми ҷавонони Тоҷикистон туҳфа гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2024 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд