Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид

Июнь 12, 2024 14:59

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баъд аз шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба сохтмони он баҳои баланд дод.

Бояд гуфт, ки қаблан аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби маблағҳои Бонки исломии рушд баҳри сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дархост гардида буд, ки он аз ҷониби ин бонк дастгирӣ ёфт. Дар ҳошияи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Созишнома оид ба татбиқи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маблағи 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2024 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд