Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Боргро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 26, 2024 11:05

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Боргро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷумҳурии Малта баррасӣ шуд.

“Мо аз рӯзҳои нахустини роҳандозии муносибатҳо бо Созмон омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карда будем” — таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо маҷмӯи масоили мубрами минтақавӣ ва глобалӣ, ичнунин тавсеаи муносибатҳои низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву муҳитизистӣ дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро муҳокима намуданд.

Ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим — гармшавии бесобиқа, обхезӣ, хушксолиҳои пай дар пай, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ ҳамкории зичу фаъоли кишварҳои иштирокдори Созмон зарур шумурда шуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти амниятӣ, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва пешгирӣ аз сӯиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ ва ифротгароию зӯроварӣ андешаронӣ намуданд.

Дар мавриди робитаҳои дуҷониба аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Роҳҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Малта дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ сайёҳӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҳам аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Июнь 26, 2024 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд