РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Қалъаи Ҳисор бо таърихи 3000-солааш меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанберо ба ваҷд овард

Июнь 13, 2024 18:20

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 1918-1933 бар асари нобасомониҳои замона Қалъаи Ҳисор пурра валангор гардид ва танҳо бо гузашти 50 сол — соли 1982 нахустин корҳо барои барқарор намудани қаълаи таърихии Ҳисор оғоз шуданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ соли 2002 таъмиру навсозии Қалъаи Ҳисор пурра ба анҷом расид. Ҳоло маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор аз деворҳои баланди барқароргардидаи қалъа бо номи равоқи нусрат, майдони назди қалъа маъруф бо номи Регистон, мадрасаи куҳан (сохтмони асри XYI), мадрасаи нав, корвонсарой (меҳмонхона), масҷиди «Чамшаи моҳиён» (аз асри YIII), масҷиди «Сангин», мақбараи «Махдуми Аъзам» (ёдгории асри XYI), осорхонаи таърихӣ бо 3200 нигораи осорхонавӣ иборат буда, ба макони дӯстдоштаи сайёҳону меҳмонони Тоҷикистон мубаддал шудааст.

Зиёда аз 50 нафар вакилону меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки имрӯз ба тамошои Қалъаи Ҳисор рафта буданд, бо шунидани таърихи маҷмааи фарҳангии Ҳисор ба ваҷд омаданд.

Аз ҳама аҷиб барои меҳмонони конфронс ин буд, ки Қалъаи Ҳисор ҳамагӣ дар масофаи 20 километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон қарор дорад, вале намунаи таърихи 3000-солаи фарҳангдорӣ, давлатдорӣ, маданият ва устувории миллати тоҷикро дар набардҳои таърихӣ дар деворҳои қадимии худ нигоҳ дошта, имрӯз мисли пири хирад аз таърихи тоҷикон ба оламиён нақл мекунад. Беҳуда нест, ки Қалъаи Ҳисор ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуда, таҳти ҳимояи Давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Вакилону меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд огоҳ шуданд, ки деворҳои қалъа беш аз 1 метр паҳноӣ дошта, дар онҳо барои сарбозон ҷойи махсуси назорат кардан ва дар ҳолати зарурӣ оташ кушодан ба сӯи душманон сохта шудааст. Дар дохили қалъа боғҳову фаввораҳо ва рӯ ба рӯ бо қалъа дар саҳни васеъ бозори шарқӣ бо дӯконҳои атториву баққолӣ ва фурӯши колои чинӣ, сабзавоту меваҷоти водии зарнисори Ҳисор бо корвонсарой ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шуда буд.

То расидан ба маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор меҳмонону вакилони Конфронси сеюми байналмилалӣ — намояндагони кишварҳои Покистон, Арманистон, Русия, Африқо ва дигар кишварҳои олам аз осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дидан намуданд, аз оби шифобахши он нӯшиданд, бо доруҳое, ки танҳо аз гиёҳҳои шифобахши водии Ҳисор омода шудаанд, шинос шуданд ва қисме аз меҳмонон аз он доруҳои аз гиёҳҳо тайёршуда харид карданд.

Дар анҷоми сафари меҳмонон бо хатсайри Душанбе-Шоҳамбарӣ- Қалъаи Ҳисор барои онҳо дар маҷмааи хизматрасонии «Шаршара» дастурхон бо обу мева, нону кулча ва хӯрокҳои миллӣ ороста шуд.

Меҳмонон аз сафар ба Қалъаи Ҳисор таассуроти олӣ ва фаромӯшнашаванда ба худ армуғон бурданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол 1612 нафар сайёҳон табиати нотакрори Бадахшонро тамошо карданд
«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар шаҳри Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». 12 июл иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Тоҷикистон мерасанд
«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мешавад
Душанбе бо баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар харитаи иқлими ҷаҳонӣ ҷой гирифт
Дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва сайёҳию соҳибкорӣ» ҳамоиш баргузор шуд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Дидгоҳи Президенти Тоҷикистон ба криосфера ҳамчун замина барои амнияти глобалӣ»
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ мизи мудаввар баргузор шуд
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус суҳбатҳо анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок намуданд
Экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» аз Москва оғоз гардид