РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Суратгузориш аз боздиди меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Июнь 12, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, нимаи дуюми рӯзи 11 июн меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Дар намоишгоҳи ЭКСПО Душанбе молу хидматрасонӣ аз бахшҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки дар намоишгоҳ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва навтарин дастовардҳои корхонаҳои Тоҷикистон шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба кор оғоз намуд. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доранд.

Инчунин рафти кори конференсияро беш аз 300 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки аз ин шумора 120 нафар хабарнигорони хориҷӣ мебошанд, инъикос доранд.

Кори конфронс имрӯз низ идома меёбад.

 

Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият